ТАБРИКОТ

Имрӯз 6 январ яке аз шахсиятҳои намоёну барҷаста, роҳбари хирадманду ғамхор, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ҷашни зодрӯз доранд.
Бо арзи эҳтирому самимият Раиси муҳтарамро аз номи раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатию саломатӣ, сарбаландӣ, пирузиву саодатмандӣ, умри бардавом ва файзу баракати зиндагиро таманно менамоем.
Бешубҳа муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён аз зумраи шахсоне ҳастед, ки дар рушду таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пеш аз ҳама амалисозии сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хеле назаррас доранд.
Натиҷаи меҳнату заҳматҳои содиқонаашон аст, ки ба боварии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардида, дар мансабҳои баланди сиёсӣ, махсусан дар мақомоти судӣ то сатҳи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, тамоми ҳастии худро баҳри таҳкими волоияти қонун, мустақилияти ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвари маҳбубамон равона намуда истодаанд.
Бори дигар Раиси муҳтарам Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик намуда, дар фаъолияти пурмасъули роҳбариятон барору муваффақиятҳои беназирро орзу менамоем.

Бо эҳтиром,

Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи
суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ