Дар таърихи ҳар давлату миллат рӯзҳои нек ва арзишманде ҳастанд, ки аз ҳаёти неку осоишта ва дигаргунии куллии ҷомеа башорат дода, аҳамияти хоси таърихӣ доранд. Яке аз чунин рӯзҳо барои миллати тоҷик ин 27 июни соли 1997, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола ин санаи муҳим ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои муттаҳидию сарҷамъӣ таҷлил карда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло халқи шарафманди Тоҷикистон дар остонаи 29-умин солгарди ин ҷашни тақдирсозу муқаддас қарор дорад.
Таърихи начандон дури давлату миллати мо хуб дар ёд дорад, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи нерӯҳои бегона қарор гирифта, Ватани азизамон-Тоҷикистонро боғаразона ба гирдоби низоъҳои дохилию мухолифатҳои мусаллаҳона кашида, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши мардуми тоҷик бор намуданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омада буд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа ҳазорон шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо нафарони дигар ятиму бепаноҳ монда ва беш аз як миллион ҳамватанони мо аз хонаву манзили обод бенасиб гардида, азоби талхи ғарибӣ кашиданд. Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон хисороти калони иқтисодӣ расонида шуда, ба маънавиёт ва руҳу равони миллат зарбаи ҷонкоҳу бадоқибате зада шуд, ки осори он ҳанӯз ҳам аз зеҳну дили мардум дур нарафтааст.
Бояд ёдовар шуд, ки сулҳу субот ба мардуми Тоҷикистон осон муяссар нашуда, барои расидан ба ин дастоварди бебаҳо ҷаҳду талошҳои зиёду хатарноке анҷом дода шудаанд.
Бо мақсади хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин музокиротҳои дурудароз доир карда шуданд. Аввалин иқдомҳо дар роҳи қатъи хунрезӣ ва ба ҳам овардани гуруҳҳои ба ҳам мухолиф дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ шурӯъ гардида, минбаъд дар раванди ҳашт давраи музокироту бисту як вохӯриҳои расмии байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин, ки қариб чор сол идома ёфтанд, ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба имзо расонида шуд.
Бо шарофати ин санади ҳаётан муҳим ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида шуда, барои гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Яъне, воқеан 27 июни соли 1997 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон — Тоҷикистон як санаи муҳими таърихӣ ва рӯйдоди нодир мебошад, ки мардуми тоҷик чандин солҳо орзӯи дидани ин рӯзро доштанд.
Боиси қайд аст, ки атрофи чунин рӯзи таърихию хотирмони миллат сухан рондану, аз заҳмату талошҳои шахсиятҳои ватандӯсту барҷастаи таърихӣ, ки барои расидан ба ин рӯзҳои осоишта ва раҳоӣ сохтани миллат аз фоҷиаҳои мудҳиш заҳмату ранҷҳои зиёде кашиданд, ёд накардан ноҳақию ноадолатист. Зеро санаҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои бузургу барҷаста муяссар мешаванд.
Мусаллам аст, ки чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу мондагор карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён овард, Сарвари маҳбуби давлатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бешубҳа дар таърихномаи миллати тоҷик номи Пешвои муаззами миллат ва нафароне, ки ҳамроҳи ӯ дар барқарорсозии сулҳу суботи Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд, ҳазорсолаҳо бо ҳарфҳои заррин боқӣ мемонанд.
Хушбахтона ҳоло зери роҳбарии хирадмандонаву созанда ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як кишвари зебо ва орому осуда табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як давлати мустақилу сулҳхоҳ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Аз фазои тинҷию оромии Ватан ҳамагон нафаси осудаву осоишта мекашем, вале ҳеҷ кадомамон, бахусус ҷавонон набояд фаромӯш созем, ки то расидан ба ин рӯзҳои нек чи қадар сахтиҳову рӯзҳои сангин паси сар шудаанд. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Махсусан дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро низоъҳои дохилию сиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои дигар, ки ҷанбаҳои ниҳоят мураккабу печида доранд, фаро гирифтааст. Замоне расидааст, ки ҳамагон камари ҳиммат баста, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид бошем, сиёсати созандаи роҳбари давлатро, ки воқеан Тоҷикистонро ба ояндаи боз ҳам ободу дурахшон хоҳад бурд, дастгирӣ намоем ва дар татбиқи он саҳми арзандаи хешро гузорем.
Зимнан, ба кулли ҳамватанон 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро самимона табрик намуда, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хонадони ҳар тоҷикистонӣ сулҳу суботи абадӣ ва зиндагии орому осударо орзу менамоям.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ
Судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 
