МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси тантанавӣ бахши ба таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ нахуст раиси суди ноҳия Зуҳурзода Далер Шукурҷон ҳозиринро ба ҷашни муқаддасу тақдирсози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон атрофи аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ сухан гуфтанд.

Сипас, судяҳои суди ноҳия Одиназода Амирҷон Бегиҷон, Раҳимзода Хушвахт Шариф бо маърӯзаҳо дар мавзуҳои “Истиқлолияти давлатӣ ва дар рушди қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши  Истиқлолияти давлатӣ дар рушду таҳкими њокимияти судӣ” баромад намуданд.

Дар охир аз ҷониби раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия бо сипосномаҳо бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки вазифаҳои хизматиашонро софдилонаю содиқона иҷро намуда, ба ин васила дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро гузоранд.