ТАЪИНОТИ ОШКОРО СУПОРИДАНИ ХАБАРНОМАИ СУДӢ

ТАЪИНОТ

дар бораи ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда

20 октябри соли 2023                                            ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Судяи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Раҳимзода Хушвахт Шариф парвандаи оилавӣ бо даъвои Болтаева Гулрухсор Ятимовна нисбати Болтаев Шерали Грезович дар бораи бекор кардани ақди никоҳро омўхта,-

МУАЙЯН КАРД:

Болтаева Г.Я. бо даъвои мазкур муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳи байни ў ва Болтаев Ш.Г., ки дар ҷамоати Куйбишеви ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) санаи 18 декабри соли 1987, №69 ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Дар аризаи даъвогӣ суроѓаи ҷавобгар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, кўчаи Сомониён нишон дода шудааст. Суд ба суроѓаи зикргардида аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо ирсол карда, тибқи маълумотномаи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 20 октябри соли 2023, №5196 маълум гардад, ки ҷавобгар дар ҳамин суроѓа зиндагӣ мекардааст ва аз соли 2001 инҷониб бе ному нишон мебошад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 121 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳали воқеии истиқоматии ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳали ҷои охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷои кори охирини ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Бо назардошти ҳолати мазкур зарур дониста шуд, ки дар хусуси ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда таъинот қабул карда, ҷавобгар Болтаев Шерали Грезович ошкоро ба суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рўзи 20 ноябри соли 2023 соати 09:00 дақиқа ба сифати ҷавобгар оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Болтаева Гулрухсор Ятимовна дар бораи бекор кардани ақди никоҳ даъват карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, бо дастрасии моддаи 121 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

ТАЪИН КАРД :

Ба ҷавобгар Болтаев Шерали Грезович супоридани даъватномаи судӣ оиди ҳозир шудан ба маҷлиси суд дар рўзи 20 ноябри соли 2023 соати 09:00  вобаста ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Болтаева Гулрухсор Ятимовна нисбати ў дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин: нусхаҳои аризаи даъвогӣ, шиносномаи даъвогар, маълумотнома ва асосномаи ҷамоат, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шиносномаҳои фарзандон замима карда шаванд.

Нусхаи таъинот аз рўзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ ва сомонаи расмии Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта, пас аз гузаштани як моҳ аз рўзи насб шуданаш ба ҷавобгар Болтаев Шерали Грезович даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимагардида ошкоро супоридашуда дониста шавад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ ҳозир нашудани ҷавобгар Болтаев Шерали Грезович парвандаи мазкур санаи 20 ноябри соли 2023 соати 09:00   тибқи тартиби мурофиаи ѓоибона баррасӣ карда шавад.

Судяи суди ноҳияи

Абдураҳмони Ҷомӣ                                                         ИМЗО                                                      Раҳимзода Х.Ш.