ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ РАФТАН БА НАЗДИ СЕҲРДОН, ҶОДУГАРУ ФОЛБИН ВА ИСТИФОДАБАРӢ АЗ ХИЗМАТРАСОНИИ ОНҲО
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ амалӣ ғайриқонунӣ пазируфта шуда, барои он ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, тибқи моддаи қисми 1 моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҳоло аз 6240 сомонӣ то 7800 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таҳдид менамояд. Дар мавриди дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани ин кирдор барои он бо моддаи 2401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст, ки ҷазои он дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (феълан аз 117 000 сомонӣ то 156 000 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду солро ташкил медиҳад.
Дар воқеъ сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои ғайриахлоқию нописандида ба шумор рафта, ба ақлу тафаккури инсон таъсири манфӣ мерасонад. Гарчанде солҳои охир дар ин самт ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба таври назаррас пурзӯр шуда бошад ҳам, вале муттаассифона то ҳол нафароне ҳастанд, ки ин фаъолияти ғайриқонуниро ҳамчун касб ва василаи пешбурди зиндагӣ интихоб карда, ба ин восита мардумро фиреб дода, ба зеҳну шуури онҳо таъсир расонида, даромади муфт ба даст меоранд.
Аммо боиси таассуф аст, ки новобаста аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пайваста ошкор шудану тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизинию интернет намоиш додани ҳиллаву найранг ва мардумфиребии сеҳргару ҷодугарон ва фолбинҳо боз шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба чунин афрод бовар намуда, аз онҳо барои ин ё он дарди хеш дармон меҷӯянд ва беҳуда маблағу дигар дороиашонро аз даст медиҳанд. Аммо ғофил аз онанд, ки дар асл ин шахсон танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ, яъне ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезананд.
Бояд қайд кард, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтан ба назди сеҳрдон, ҷодугару фолбин ва истифодабарӣ аз хизматрасонии онҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ муқаррар нагардида буд. Бешубҳа яке аз омилҳои мусоидаткунанда барои зиёд шудани сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар ҷомеа ҳамин буда метавонист.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод гардид, ки тибқи он муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин масъалагузорӣ гардид. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти кишвар имзо гузошта шуд, ки дар ин замина ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав, яъне моддаи 4821 (Истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) илова шуд. Бо қабули шудани ин Қонун акнун нафаронеро, ки ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин рафта, аз дилхоҳ хизматрасониҳои онҳо истифода мебарад, ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҳоло аз 3900 то 4680) сомонӣ интизор аст.
Ин ҳуқуқвайронкунӣ ба муқобили тартиби идоракунӣ равона шуда, субъекташ шахси воқеии мукаллафе шуда метавонад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ синни ӯ ба шонздаҳ расида бошад.
Ҳар як сокини кишварро лозим аст, ки талаботи иловаи нав ба қонунгузорӣ воридшударо дарк намуда, ба риояи бечунучарои он одат намоянд ва амалҳои хурофотии марбут ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро маҳкум карда, ҳалли мушкилоти худро дар заминаи илму дониш ва ақлу хирад ба роҳ монанд ва фирефтаи афроди фолбину ҷодугар ва сеҳрдон нашаванд.
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ
судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 
