ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ МАШҒУЛ ШУДАН БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ
Сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз ҷумлаи амалу падидаҳои хурофотӣ, яъне ақидаву фикрҳои пучу беасос мебошанд, ки муттаассифона таърихи қадима дошта, то замони мо низ омада расидааст. Гарчанде ин амалҳо ошкоро бар зиёни ҷомеа ва фазои эътиқодии халқи Тоҷикистон бошанд ҳам, ҳоло бояд эътироф кард, ки то андозае барои баъзеҳо машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ касб шуда, ҳиллаву найрангашон дар зеҳну тафаккури баъзе нафарони дигар ҷой гирифтааст. Чунин нафарон бовар бар он доранд, ки сеҳргару ҷодугар ё фолбин аз олами ғайб огаҳ буда, метавонад барои кушоишу комёбии кору зиндагии ӯ, ҳимоя аз таъсироти бегона, моил кардани шахси дигар ба худ, шикастани рақиб, зарар расонидан ба нафари дигар ва ғайра василаи хубе бошад. Бешубҳа дар тафаккури омма мавқеъ пайдо кардани ба ном хизматрасониҳои сеҳргарону ҷодугарон ва фолбинҳо ба мафкура ва ахлоқи ҷомеа хатар дошта, боиси ба миён омадани ихтлофу низоъ ва иғво дар байни шаҳрвандон шуда метавонад. Бинобар ин, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷоми ин амалҳо мамнуъ буда, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегарданд.
Бояд қайд кард, ки гарчанде қонунгузории ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвари мо сеҳру ҷоду ва фолбиниро кирдори ғайриқонунӣ эътироф карда, барои ин амалҳо ҷазо муқаррар намуда бошанд ҳам, вале ин мафҳумҳоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ равшан насохтааст. Аммо дар фарҳанги забони тоҷикӣ сеҳр, ҷоду, афсун, макр ва фолбинӣ амалҳои хурофотие маънидод карда шудаанд, ки дар заминаи ба кор бурдани гапҳои дурӯғу ҳила ва фиребу найранги мафтункунанда ба худ ром кардани касе ё чизе маънидод шудааст.
То моҳи июни соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машгул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ танҳо ҷавобгарии маъмурӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардида буд, ки он ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар менамуд. Вале агар ин кирдор дар давоми соли баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир мегардид, ҷавобгарии маъмурӣ бо қисми 2 моддаи мазкур ба миён меомад, ки ҷазои он ҷарима ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод.
Бо тақозои замон ва бо назардошти танҳо тавассути ҷавобгарии маъмурӣ ғайриимкон будани гирифтани пеши роҳи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар ҷомеа зарурат ба миён омад, ки ҷазои маъмурӣ барои ин кирдор пурзӯр намуда, ҳамзамон дар мавриди пас аз таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми сол такроран содир кардани чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардад. Дар ин асос, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №2051 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 482 ҳамин Кодекс дар таҳрири нав ва дар як қисм ифода ёфта, тибқи он барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( ҳоло аз 6240 сомонӣ то 7800 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз муқаррар гардид.
Ғайр аз ин, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №2050 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Кодекси мазкур моддаи нав, яъне 2401 илова карда, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ соди шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардида, барои он ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар шароити ҳозира аз 117 000 сомонӣ то 156 000 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол муайян карда шуд.
Масъалаи таъини ҷазо барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷинояти мазкур тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ба салоҳияти суд марбут буда, ҳангоми исботи гуноҳ суд аз рӯи қоидаҳои умумии таъин ҷазо яке аз ҷазоҳои дар санксияи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё моддаи 2401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо бо назардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии кирдор, шахсияти содиркунанда, сабабу тарзҳои содиршавӣ, ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунандаи ҷазо ва дигар ҳолатҳои мушаххаси парванда интихоб ва таъин менамояд.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки гарчанде муддати қариб ду соли охир ҷавобгарӣ барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ба таври назаррас пурзӯр шуда, баҳри ҷилавгирӣ аз ин амалҳои ғайриқонунӣ ва тавассути воситаҳои ахбори омма намоиш додани оқибатҳои номатлуби он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар корҳои зиёде ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, вале то ҳол нафароне ҳастанд, ки ин корҳоро ҳамчун касб ва воситаи пешбурди зиндагӣ шуморида, ҳамоно кирдорашонро идома дода истодаанд. Нафароне, ки ба чунин шахсон муроҷиат менамоянд, асосан донишу мафкура ва ҷаҳонбинии хеле заиф дошта, аз асли дин бехабару зудбоваранд ва аз ин сабаб ба фиребу найранг зуд моил мешаванд. Дар бештари мавридҳо ба қавле муштариёни ин нафарон асосан занон ҳастанд, ки фирефтаи ҳиллаву найранг шуда, ба умеди пайдо кардани роҳи ҳалли ин ё он мушкилоти зиндагии худ дороиашонро аз даст дода, якбора ба мушкилоти бузургтар гирифтор мешаванд.
Аслан сеҳргарону ҷодугарон ва фолбинҳо худ гирифтори садҳо мушкилот ҳастанд, ки дар ин замина роҳи нодурусту талхи пешбурди зиндагиро интихоб менамоянд ва ба ин васила ҳаёти чандин нафарони дигарро талху торик месозанд. Яъне, дар мавриде, ки чунин шахсон дар ҳалли мушкилоти зиндагии худ оҷизанд пас чӣ гуна мушкилоти як нафари дигарро ҳал менамоянд. Ё масалан сеҳргару ҷодугар ё фолбин агар аз илми ғайб огаҳ бошаду воқеан қудрати ҳалли ҳама гуна мушкилотро дошта бошад, пас чаро худро аз ҷавобгарӣ ва ҷазо ҳимоя карда натавониста, то ҳадди муҳокимаи судӣ ва татбиқи ҷазо оварда мешавад. Оё ӯ намехоҳад, ки худро аз ин шармандагӣ ҳимоя намояд, албатта мехоҳад, аммо илоҷ надорад.
Бинобар ин, шаҳрвандони моро лозим аст, ки ба ҷои рафтан ба назди сеҳргару ҷодугар ва фолбинҳо, ки барои мардуми тоҷик ва шахси мусулмон хеле амали нангину гуноҳи бузург аст, аз ақлу хирад ва донишу ахлоқ истифода карда, онро қотеъона махкум намоянд ва ба ҳама мушкилоти зиндагӣ хирадмандона бархурд карда, ба ин васила ҳаёти орому осуда дошта бошанд.
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ
судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 
