МОНЕЪ ШУДАН БА ГИРИФТАНИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ОН

Таълим ва тарбияи кӯдак аз ҷумлаи он масъалаҳои муҳимест, ки қонунгузории кишвари мо онро ҳатмӣ шуморидааст. Дар замони муосир, ки хеле мураккабу ҳассос буда, садҳо омилҳои хатарнок ба ҳаёти инсонияту истиқлолияти кишварҳо таҳдид дошта, воқеаҳои бесобиқа ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, ниёзи ҳар як давлат ва халқу миллати он ба илму дониш ва хирад, ки маҳз маҳсули таълиму тарбия мебошад, беш аз пеш афзуда истодааст. Бинобар ҳамин ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом дар суханрониҳояшон бо такя ба ҳассосияти вазъи сиёсии ҷаҳон диққати падару модарон, насли наврас ва масъулини соҳаи маорифи кишварро ба донишомӯзӣ ҷалб менамоянд.

Воқеан инкишофу ташаккули шахсияти ҳар як кӯдак ва дастовардҳои шахсии ӯ дар оянда аз донишомӯзии доимии ӯ вобаста буда, бешубҳа аз бар намудани илму дониши замонавию ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба ӯ роҳи ҳамвореро ба сӯи ояндаи дурахшон боз намуда, дар ҷомеа ҷойгоҳи муносибро насиб месозад.  Ва баръакс аз таълиму тарбия бебаҳра мондани фарзанд боиси таҳдиди хатари бесаводӣ ба ҳаёти ӯ гардида, ояндаашро талху торик месозад ва аз ҳаёти орому осуда бенасиб мемонад. Аз ин ҷост, ки аз давраҳои пеш то ба имрӯз омӯхтани илму дониш барои инсон машғулияти муҳим ва роҳи ягонаи расидан ба қуллаҳои баланди орзуву мурод ба ҳисоб рафта, бузургону донишмандони ҷаҳон, аз ҷумла шоирону мутафаккирони халқи тоҷик пайваста нақши илму дониш ва хиради инсониро таърифу тавсиф кардаанд. Аз ҷумла, сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ чунин фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

 В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Мавриди зикр аст, ки яке аз марҳилаҳои муҳим барои аз худ кардани илму дониш ва инкишофи ахлоқию маънавии кӯдак ин таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Қаблан тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвари мо танҳо таълими умумии асосӣ, яъне таҳсили 9-сола ҳатмӣ шуморида мешуд ва пас аз ин шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ё қатъ кардани таҳсили минбаъда озод буданд.

Бо тақозои замон дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №2044 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба моддаи 16 Қонуни мазкур илова ворид карда, дар қисми 7 муқаррар гардид, ки баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ (9-сола) шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.

Яъне, бо ворид шудани ин илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дигар имкони пас аз хатми таълими умумии асосӣ қатъ кардани таҳсил аз байн рафта, шаҳрвандон вазифадор карда шудаанд, ки таълими миёнаи умумӣ (баъд аз таҳсили 9-сола)-ро низ гиранд. Қонуни мазкур ду тарзи ба таълими миёнаи умумӣ фаро гирифтанро муқаррар кардааст, ки яке таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигаре дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳоло пас аз хатми синфи 9 қатъ кардани таҳсил хилофи талаботи қонқунунгузорӣ буда, шаҳрвандон уҳдадоранд, ки аз ин ду тарзи муайяншуда якеашро интихоб карда, ғайр аз таълими умумии асосӣ боз таҳсилоти миёнаи умумиро хам аз бар намоянд.

Муттаассифона таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам баъзе падару модарон талаботи зикршударо дуруст дарк накарда, пас аз таҳсили 9-сола ба фарзандонашон, махсусан ба духтарон имкони идома додани таҳсилро надода, ҳуқуқи ба таҳсил доштани фарзандонро, ки пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 41 кафолат додааст, поймол менамоянд. Табиист, ки ҳар шахси барои таҳсили фарзанд монеъшаванда пеш аз ҳама  худ оянда аз ин фарзанд ҷабр мебинад, зеро дар шароити ҳозира фарзанди аз донишҳои замонавӣ қафомонда бори зиёдатие ба дӯши падару модар мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси иловаи болозикри ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” воридгардида бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №2050 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба моддаи 164 Кодекси мазкур низ тағйирот ворид карда, барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, ҷазои ҷиноятии барои ин кирдор низ то ҳадди маҳрум сохтан аз озодӣ пурзӯр гардид. То ворид шудани ин тағйирот моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) муқаррар мекард.

Акнун бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус падару модарон дарк намоянд, ки ҳангоми монеъ шудан ба фарзандон барои гирифтани таълими миёнаи умумӣ ҳуқуқи конститутсионии фарзандро ба таҳсил халалдор сохта, бо ин амалашон онҳо даст ба содир намудани ҷинояти дар моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зада, худро ҳамчун шахси ҷиноят содиркарда доғдор месозанд.

Ин ҷиноят аз рӯи табиати ҳуқуқиаш ҷинояти категорияи начандон вазнин буда, ба муқобили ҳуқуқи конститутсионии шахс ба таҳсил равона гардида, таркибаш расмӣ мебошад ва аз лаҳзаи воқеан монеъ шудан барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ хотимаёфта дониста мешавад.

Диспозитсияи моддаи мазкур тарафи объективии ин ҷиноятро ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ нишон додааст, ки ин мафҳуми хеле васеъ мебошад. Аз ин нуқтаи назар тарзи монеъшавӣ, аз ҷумла фиреб, таҳдид, иҷозат надодан, бо сару либоси мактабӣ таъмин накардан ва ғайра барои банду басти кирдор аҳамият надорад.

Таҷрибаи судӣ собит менамояд, ки монеъшавӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар тарзу баҳонаҳои гуногун ба назар мерасад, ки аксар мавридҳо асосан ба носолимии сатҳи эътиқоди динии аъзои хонавода, бахусус падару модарон, гӯё шароити таҳсил надоштан, инчунин ба хориҷи кишвар бурдани кӯдакон марбут мебошанд.

Тарафи субъективии ин ҷиноят қасди бевосита мебошад, зеро гунаҳгор ғайриқонунӣ монеъ шудани худро барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии шахси дигар дарк мекунад ва хоҳони содир кардани амали мазкур мебошад.

Ба сифати субъект ҷиноят бошад, шахси воқеии мукаллафи ба синни 16-солагӣ расида баромад менамояд. Аз рӯи таҷрибаи судӣ асосан бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз рӯи санксияи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафароне, ки ҷинояти  монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумиро содир менамоянд, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар шароити ҳозира аз 78 000 сомонӣ то 93600 сомонӣ) ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 моҳ то 2 сол муқаррар шудааст.

Тавре маълум аст, ки қонунгузории ҷиноятӣ барои ҷинояти мазкур се намуди ҷазоро пешбинӣ кардааст, ки аз миёни онҳо суд дар доираи салоҳияти худ яке аз ҷазоҳои муносибу сазоворро бо назардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, шахсияти судшаванда, сабабу тарзҳои содиршавии ҷиноят, ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунандаи ҷазо ва дигар ҳолатҳои мушаххаси кор интихоб ва таъин менамояд.

Гуфтаҳои боло далели онанд, ки монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки имрӯзҳо дар ҷомеа кам ба назар намерасад, як амали муқаррарӣ набуда, балки амали нангину доғоваранда ба шаъну этибори шахс, яъне ҷиноят мебошад. Ҳамзамон, амали мазкур зиндагии шахси содиркунандаи ин кирдор ва он ҷабрдидаи мебоист таҳсилкунандаро талху торик намуда, барои афзоиши ҷаҳолату нодонӣ дар ҷомеа ва фирефтаи ҳиллаву найранги ҳар гуна ташкилоту гуруҳҳои тундрав шудани ҷавонон шароит муҳайё сохта, ниҳоят рушду пешрафти муназзами давлату ҷомеаи моро ба қафо мекашонад.

Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро лозим аст, ки масъулияти тибқи талаботи қонунгузорӣ вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак доштаашонро дарк намуда, ба ҷои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон онҳоро ба сӯи омӯзиши илму дониш ва ахлоқи наку роҳнамоӣ карда, раванди донишомӯзии фарзандонро пайваста назорат намоянд ва ба ин васила дар рушду пешрафти давлату ҷомеа саҳми хешро гузоранд.

 

РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ

судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ