Ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда

ТАЪИНОТ

дар бораи ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда

22 июни соли 2023                                                                                                                                                                                                                                                              ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Судяи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Раҳимзода Хушвахт Шариф парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳоҷиева Гулбухор Сафарбековна нисбати ҷавобгар Сафаров Далер Темурович, ҳамҷавобгар Сафарова Гулнора Асатулоевна, шахсони сеюм мақомоти васоят ва парастории ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бахши САҲШ-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи бекор кардани фарзандхондиро омўхта,-

МУАЙЯН КАРД:

Ҳоҷиева Г.С. бо даъвои мазкур муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки фарзандхондии писараш Сафаров Абубакр Холмирзоевич аз ҷониби Сафаров Д.Т. ва Сафарова Г.А., ки дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 13 ноябри соли 2020 дода шудааст, бекор карда шавад.

Дар аризаи даъвогӣ суроѓаи ҷавобгарон ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, кўчаи Замонов 26 нишон дода шудааст. Суд ба суроѓаи зикргардида аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо ирсол карда, тибқи маълумотномаи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 22 июни соли 2023, №2120 маълум гардад, ки онҳо дар ҳамин суроѓа зиндагӣ мекардаанд ва айни ҳол дар Федератсияи Россия қарор доранд ва ҷои аниқи зисташон номаълум аст.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 121 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳали воқеии истиқоматии ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳали ҷои охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷои кори охирини ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Бо назардошти ҳолати мазкур зарур дониста шуд, ки дар хусуси ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда таъинот қабул карда, ҷавобгар Сафаров Далер Темурович ва ҳамҷавобгар Сафарова Гулнора Асатулоевна ошкоро ба суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рўзи 24 июли соли 2023 соати 09:00 дақиқа ба сифати ҷавобгар ва ҳамҷавобгар оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳоҷиева Гулбухор Сафарбековна дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ даъват карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, бо дастрасии моддаи 121 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

ТАЪИН КАРД :

Ба ҷавобгар ҷавобгар Сафаров Далер Темурович ва ҳамҷавобгар Сафарова Гулнора Асатулоевна супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳоҷиева Гулбухор Сафарбековна дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин; нусхаҳои аризаи даъвогӣ, шиносномаи даъвогар, шаҳодатномаи таваллуди кўдак, шаҳодатномаи фарзандхондӣ ва нусхаи ҳалнома замима карда шаванд.

Нусхаи таъинот аз рўзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рўзи насб шуданаш ба ҷавобгар Сафаров Далер Темурович ва ҳамҷавобгар Сафарова Гулнора Асатулоевна даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимагардида ошкоро супоридашуда дониста шавад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рўзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Сафаров Далер Темурович ва ҳамҷавобгар Сафарова Гулнора Асатулоевна парвандаи оилавӣ бо назардошти фикри даъвогар тибқи тартиби мурофиаи ѓоибона баррасӣ карда шавад.

Баррасии парванда то санаи 24 июли соли 2023 соати 09:00 мавқуф гузошта шавад.      

Судяи суди ноҳияи

Абдураҳмони Ҷомӣ                                                                                                   Имзо                                                                                                                     Раҳимзода Х.Ш.