КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ ТАҚДИРСОЗ ВА ДАСТОВАРДИ МИЛЛӢ
Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва бо ин марҳилаи нави давлатдории миллӣ оғоз гардид. Новобаста аз он, ки он давра шаклу низоми давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ куллан тағйир ёфта буданд, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар фазои қонунгузории Тоҷикистон санадҳои замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки хоси ҳамон давра буданд, амал мекарданд.
Марҳилаи нави давлатдорӣ тақозои онро мекард, ки низоми ҳуқуқии миллӣ ташаккул дода шавад. Дар ин раванд, масъалаи таҳия ва қабул кардани Конститутсия дар мадди аввал меистод, зеро маҳз ҳамин санад расман муайян карда метавонист, ки Тоҷикистон дар кадом шакли давлатдорӣ ташкил меёбад ва рушд мекунад. Албатта ин масъала дар мадди назар буд ва кӯшишҳо низ анҷом дода шуданд, аммо нооромии вазъи сиёсии ҷумҳурӣ масъалаи қабули Конститутсияро ба таъхир гузошт. Баъдан масъалаи қабули Конститутсия дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда, баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ ниҳоят Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Ин санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, яъне Қонуни асосӣ расман кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, барои ташаккули низоми қонунгузории миллӣ заминаи аз ҳама устувор гузошт, зеро Конститутсия асоси ҳама қонунҳоро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон ва рушду таҳкими рукнҳои давлатдорӣ нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Конститутсия барои кишвари мо воқеан санади тақдирсоз ва дастоварди миллӣ аст, зеро он бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардида, мақсаду мароми халқро таҷассум карда, бо меъёрҳои худ, ки эътибори олии ҳуқуқӣ доранд, шаклу сохти давлатдории навин, забони давлатӣ будани забони тоҷикӣ, муқаддасоти миллӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, гуногуншаклии моликият, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатиро муқаррар менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон қабул гардид ва вазифаи аввалиндараҷаи онро таъмини оштии миллӣ ва барқарории сулҳ ташкил медод.
Бо вуҷуди дар чунин як давраи мушкилу мураккаб таҳия ва қабул шудан, Конститутсияи кишвари мо яке аз Конститутсияҳои беҳтарини дунё пазируфта шуда, дар заминаи татбиқи меъёрҳои он таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон тавонист, ки ба сулҳу ризоияти миллӣ комёб шавад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст ва боиси ифтихор аст, ки имсол 30-солагии қабули он ҷашн гирифта мешавад.
Арзишҳои меҳварии Конститутсияро инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ташкил медиҳанд. Дар Конститутсия ҳама он ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ки барои ҳар як фард муҳим буда, моҳияти инсонии ҳар як шахсро инъикос менамоянд, муқаррар гардидаанд. Ҳамзамон дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.
Дар сатҳи Қонуни асосӣ арзиши олӣ донистани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки ҳеҷ як манфиату неъмат ё арзиши дигар аз инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ боло буда наметавонанд, зеро ҳама чиз дар даволату ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудаанд. Яъне тибқи Конститутсия барои Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ аз ҳама мақому мартабаи баланд доранд ва давлат ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд таъмин бошад. Ин яке аз хусусиятҳои хоси фарқкунандаи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ аз конститутсияҳои замони Шӯравӣ аст.
Агар аз лиҳози сохти Конститутсия ҳам баҳо диҳем, аз даҳ боби Конститутсия як боби он, яъне боби дуюм ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд бахшида шудааст, ки он аз 100 моддаи Қонуни асосӣ 34 моддаашро дар бар мегирад. Яъне аз се як ҳиссаи моддаҳои Конститутсия бевосита ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Илова бар ин, дар моддаи 14 Конститутсия оварда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Фикр мекунам дар Конститутсия дарҷ шудани чунин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки Қонуни асосии давлати мо мазмунан хусусияти инсондӯстона дорад.
Барои ҳамин ҳам, Конститутсияи давлати мо яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шуда, меъёрҳои он муддати 30 сол аст, ки дар фазои ҳуқуқии кишвари мо самаранок амал карда истодааст ва қонунияти конститутсионӣ дар ҷомеа таъмин мебошад.
Судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Раҳимзода Хушвахт Шариф