АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДУ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо халқи шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили яке аз идҳои бузургу тақдирсоз, ки ҳастии давлати навини мо маҳз аз он маншаъ мегирад, яъне ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми ҳамватанони гиромиро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва дар кору пайкорашон ба хотири ободии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин рӯйдод ва дастовард дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик аст, ки он сиву ду сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва аз ҳастии давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон башорат дод.

Таърих гувоҳ аст, ки гарчанде миллати тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунё буда, дар тӯли таърих борҳо мустақилона давлатдорӣ кардаву ба чандин миллатҳои дигар оини давлату давлатдорӣ омӯзонида бошад ҳам, вале пас аз заволи давлати бузурги Сомониён зиёда аз даҳ аср аз давлати мустақили хеш маҳрум буд. Аз ин лиҳоз, санаи 9 сентябри соли 1991 барои мардуми тоҷик на фақат рӯзи соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, балки ҳамчун рӯзи барқарор гардидани адолати таърих азизу муқаддас аст.

Соҳибистиқлолӣ дар назди мо шаҳрвандон иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок, яъне бунёди Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро гузошт. Вале, мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие пайдо шуданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва бо ин амалӣ хоинонаашон рушди ҷомеаи моро ба даҳсолаҳо қафо партофтанд.

Истиқлолияти комили сиёсӣ доштан воқеан дар ҳаёти ҳар як халқу миллат аҳамияти муҳими таърихию сиёсӣ дорад, зеро дар замони муосир, ки аз ҳар ҷиҳат ниҳоят мураккабу ҳассос аст, халқу миллатҳо метавонанд, фақат ба давлати миллии хеш паноҳ бурда, дар арсаи байналмилалӣ худро муаррифӣ намоянд. Яъне, мустақилияти давлат аз як ҷиҳат ин мустақилияти миллат аст.

Сиву ду соли истиқлолият дар қиёси таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва марҳилаҳои бедавлатию истиқлолхоҳии миллати тоҷик фосилаи чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик ин муддати кутоҳ чӣ дар баамалбарории сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷӣ дастоварду муваффақиятҳоеро ба бор овард, ки дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро доранд.

Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият, ки дар ташаккулу шаклгирии давлати навин аҳамияти ниҳоят бузург дорад, ин 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро Конститутсия истиқлолияти Тоҷикистонро расман муқаррар карда, роҳи рушди ояндаи онро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуҳуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян кард.

Таъмини истиқлолияти комил ва амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кард, бе хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар ҷомеа ҳеҷ имкон надошт. Хушбахтона, бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бадхоҳ дар як муддати кӯтоҳ қувваҳои солими ҷомеа бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омада, якдилона дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талошҳои зиёде анҷом доданд, ки дар натиҷа 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муяссар шуд.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон ва халқи он дар зарфи сиву ду соли давлатдории навин дар ҳама соҳаҳо, бахусус дар самти барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, таъсиси артиши миллии боэътимод, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ,  таъмину ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноату энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.

Ҳоло аҳли ҷомеа хуб эҳсос мекунанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар карда, иқдомҳои бунёдкоронаву созанда ҳамарӯза вусъати тоза касб мекунанд.

Инчунин, бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ низ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва сиёсати оқилонаи Сарвари хирадмандаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллиро мустаҳкам намуда, дар фазои сулҳу субот ва муттаҳидии халқи худ ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар шароити аз ҳар ҷиҳат ниҳоят мураккаб ва ҳассоси ҷаҳони муосир, ки дар натиҷаи шиддат гирифтани зиддиятҳои байни кишварҳои абарқудрат ва реша паҳн кардани падидаву зуҳуроти номатлуб таъсири он рӯз то рӯз ба сулҳу оромӣ ва амнияти инсоният бештар гардида истодааст, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди он маҳсуб меёбад.

Хушбахтона ҳоло халқи Тоҷикистон бо дарки амиқи вазъи сиёсии ҷаҳон ва мафҳумҳои муқаддаси Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз соҳибдавлатии хеш дар радифи бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саф кашида, баҳри  ободию шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва амалисозии сиёсати бунёдкоронаву созандаи давлату Ҳукумат талош намуда истодаанд, ки ин бешубҳа барои таҳкими давлатдории миллӣ ва расидан ба ояндаи боз ҳам ободу босаодат мусоидат менамояд.

Поянда бод Истиқлолияти Тоҷикистон!

Раҳимзода Хушвахт Шариф

Судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ