БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲО

Имрўз дар толори Нерўгоҳи барқи обии “Норак” бо иштироки  бевоситаи раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якум ва муовинони раиси суди вилоят машғулияти семинарии навбатии судяҳои суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарӣ нахуст раиси суди вилояти Хатлон ҳозиринро ба Иди касбии кормандони мақомоти судӣ, ки расман 26 октябри ҳар сол тақлил мегардад, табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъули судягиашон барору муваффаққиятҳои беназир орзу намуданд.

Баъдан тибқи нақша мавзуҳои «Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, намудҳои ин ҷиноятҳо ва фарқияти онҳо», «Омўзиши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бобҳои 33-36», «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва «Шартномаи ҳиссагузорӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз шунидани маърўзаҳо аз ҷониби роҳбарияти суди вилояти Хатлон сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии суди вилоят дар моҳи октябри соли 2023 муҳокима карда шуда, изҳор гардид, ки дар ин моҳ назар ба моҳҳои қаблӣ санадҳои судӣ хеле кам бекор шудаанд ва ин аз беҳтар шудани сатҳу сифати фаъолияти судҳо шаҳодат медиҳад.

Дар охири машғулияти семинарӣ якчанд нафар раисони судҳо ва судяҳо бо суханҳои табрикотӣ бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти судӣ баромад намуда, ҳамзамон аз ҷониби раиси суди вилояти Хатлон як қатор раисони судҳо ва судяҳо, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои назаррас доранд, дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорномаҳои раиси суди вилоят сарфароз гардонида шуданд.