Истиқлолият-воқеаи муҳими таърихӣ аст

Ба истиқлолият давлатӣ соҳиб шудани тоҷикон барҳақ воқеаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Танҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи байналмилалӣ худро муаррифи кунад, чун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини мардуми тоҷик буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатӣ имкон дод, ки то Тоҷикистон давлатдории худро бунёд намуда, дар қатори давлатҳои дигар дар арсаи байналмилали мақом ва мавқеи хоси худро пайдо намояд.

Аввалин заминаҳои ҳуқуқии ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади сарнавиштсоз Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990» ва Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, №392 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошад, ки минбаъда тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон аҳамияти беандозаи истиқлолиятро барои халқи тоҷик чунин баҳо додаст: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутаммадину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷи, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду муттамадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Яке аз санадҳои муҳим ва санади сарнавиштсоз барои давлату миллати тоҷик дар давраи истиқлолият ин тарики раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 мебошад, ки ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ   гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро ба сифати арзиши оли эътироф намудааст. Меъёрҳои он дар рушди давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, муносибатҳои сифатан нави миёни шахсият, ҷомеа ва давлат, инчунин ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишварамон шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Дар натиҷаи таҳавуллот ва дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 23 майи соли 2016 таѓйироту иловаҳои нав ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки давоми мантиқии ислоҳоти судӣ ба ҳисоб мерафт.

Боби 8-уми Конститутсияи Ҷумурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, ки мувофиқи моддаи 84 Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.  Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Маҳз дар солҳои соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ, силсилаи қонунҳо «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳаками», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳукуки инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд ба таҳкими ислоҳот дар ҳокимияти судӣ мусоидат намуданд.

Бо мақсади таҳкими   минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки онҳо тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат дар бар гирифта, барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан судҳо санади тақдирсоз гардиданд.

Бояд қайд кард, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст. Дар таъмин намудани волоияти қонун, хифзи хуқуқу озодиҳои инсон, риояи конуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавкеи ҳокимияти судии кишвар бузург аст.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф карда шуда, дар сатҳи конститутсионӣ кафолат дода шудааст, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи мақомоти судӣ таъмин мегарданд.

Аз ин рў, фаъолияти мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба амалӣ гаштани меъёрҳои конститутсионии мазкур нигаронида шудаанд.

Ҳамаи ин пешравиҳо, пеш аз ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гаштааст. Имсол мо 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ҳамватанони азиз ба ифтихори ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ, яъне 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегўям, ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Бигзор парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад!

Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!

Зуҳурзода Далер Шукурҷон

Раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ