Табрикоти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия аз ҷониби раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ
Санаи 25 октябри соли 2024 раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ҷиҳати табрик намудани раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷоми ба Рӯзи кормандони мақомоти судї ва 100-солагии таъсисиёбии ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ба суди ноҳия ташриф оварданд.
Нахуст раиси ноҳия ҳама ҳайати кормандони судро ба иди касбиашон табрику таҳният гуфта, сипас роҷеъ ба нақшу мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлату пешрафти ҷомеа, инчунин фаъолияти босамари суди ноҳия ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатї буда, вазифањои асосии онро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ташкил медиҳад, ки ин бисёр як масъулияти ҷиддӣ мебошад.
Дар охир, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳама кормандони суди ноҳия дар роҳи баамалбарории адолати судӣ барору комёбӣ хоста, њамзамон ба раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро супориданд.