ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ НОҲИЯ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ 50-СОЛАГИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохурии гурӯҳи кории ноҳияӣ дар ҳайати раиси суд, роҳбарону намояндагонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолону сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид, ки зимни он баромадкунандагон атрофи мавзуҳои мубрам суханронӣ намуданд.
Дар қатори дигар аъзои гурӯҳи корӣ раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ атрофи мавзуҳои муҳим, аз ҷумла хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм ба сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои номатлуб, эҳтиром ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ аз ҷониби занону модарон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоқикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат ороста, баҳри воқиф сохтани шаҳрвандон аз оқибатҳои ногувори даст задан ба кирдорҳои ғайриқонунии марбут ба мавзуҳои болозикр ва ҷавобгарии ин кирдорҳо аз таҷрибаи судӣ мисолҳои мушаххас оварда шуд.
Дар ҳамин раванд, ҳамзамон аз шаҳрвандон, бахусус занону модарон ва ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри сазовору арзанда истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи умумимиллӣ, яъне 30-солагии Конститутсия ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии корҳои бунёдкорию созандагии ноҳия фаъолона ширкат варзида, ба фарҳангу арзишҳои милли эҳтиром гузошта, ҳамеша кӯшиш намоянд, ки бо амалу рафтор ва тарзи либоспӯшӣ симои тоҷиконаи худро инъикос намоянд.