АХБОРОТИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ- ЭКСТРЕМИСТИЕ, КИ ФАЪОЛИЯТАШОН ДАР КИШВАР МАНЪ КАРДА ШУДАСТ
Ахбороти
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ- экстремистие, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудаст
Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои ин ташкилотҳо баста шуданд:
1.Ҳизби Наҳзати Ислом;
2.Ташкилоти «Ал-Қоида»;
3.Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;
4.Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии
Узбекистон);
5.Ҳаракати Толибон;
6.Ташкилоти Бародарони Мусулмон;
7.Ташкилоти Лашкар-е-Тайба;
8.Гурӯҳи исломӣ («Чаъмият –е- Ислам-и Покистон»);
9.Ҷамъият –е-Табдиғ;
10.Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот»;
11.Тоҷикистони Озод;
12. Ҳизби Таҳрир;
13. «Ҳизб-ут-таҳрир»;
14. Равияи динии «Салафия»;
15.Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»;
16. Ҳаракати ҷамъияти «Гуруҳи 24»;
17.Ташкилоти «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом»);
18. «Ҷабҳату-н-Нусра» («Ҷабҳат ан Нусра»);
19. «Паймони миллии Тоҷикистон»;
20. Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ);
21.Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ);
22.Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Ихё ат Тураз ал-Исломӣ);
23.Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал- Харамейн, Дом двух святых);
24.Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург);
25.Ҷиҳоди Исломӣ — Ҷамоати муҷоҳиддин;
26. Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво»;
27.Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News);
28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»;
29.Ташкилоти экстремистии «Новый Таджикистан 2».
Бояд қайд кард, ки тибқи қонунгузорӣ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.
Мутаассифона, дар ҷомеа гуруҳҳо ва созмонҳое пайдо мешаванд, ки даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоватро барангехта, бо ин амалҳои худ ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятиро халалдор менамоянд.
Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои ичтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.
Дар робита ба ин, дар қонунгузории ҷиноятӣ як қатор кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо пешбинӣ гардидаст.
Чунончи, моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо муқаррар намудааст.
Тибқи қисми 2 моддаи мазкур бошад барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (лайк гузоштан, ҷонибдорӣ, паҳн ва таблиғ кардани ғояҳо) ҷавобгарӣ барои содир кардани он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо муқаррар гардидааст.
Ҳамчунин дар моддаи 3074 Кодекси ҷиноятӣ барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, ҷавобгарӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо пешбинӣ карда шудааст.
Қисми 2 моддаи зикршуда барои ҳамин кирдор, агар: бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол муқаррар намудааст.
Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.
Шаҳрвандони кишвар бояд доданд, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Фаромуш набояд кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз вазифаҳои шахс ҷудо нестанд. Ҳар шахс дар рафти амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳояш бояд вазифаҳои муайяни ба зиммааш гузошташударо иҷро намояд.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоанзези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.
Зеро ақидаю ғояҳои ин гуна ташкилоту равияҳои террористӣ-экстремистӣ ба дини мубини Ислом ва мазҳаби Абуҳанифа иртиботе надошта, таблиғгарони ин созмону гуруҳҳо меъёрҳои Қуръон ва Ҳадисро нодуруст маънидод мекунанд ва Исломро барои амалӣ гаштани ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд.
Маҳз ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи насли имрӯза, омухтану азхуд кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагонамон бояд вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон бошад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон вазифадор ва масъул мебошанд, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунанд. Фирефтаи тарғибу ташвиқи душманон ва хоинони миллат нагарданд.
Бознашр аз сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.