ЗАМИНАХОИ ҲУҚУҚИИ РУШДУ ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ (бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ)

Иди касбии имсолаи кормандони мақомоти судӣ, ки соли ҳаштум аст расман рӯзи 26 октябр таҷлил мегардад, чанд рӯз баъд фаро мерасад.  Ба ин муносибат ҳама судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳуриро табрик гуфта, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти касбиашон ба хотири ободию пешрафти Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа барору комёбӣ орзу менамоям.

Мавриди зикр аст, ки истиқлолият ва давраи навини давлатсозию давлатдории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо падидаҳои нави сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд оварда, ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа асос гузошт.

Маҳз истиқлолияту давлатдории миллӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи ислоҳоти ҳуқуқӣ, ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таъсиси сохторҳои нави идоракунии давлат, дигаргун сохтани шакли моликият ва рушди иқтисодиёти миллиро пеш гирифта, таҳти роҳбарии Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон ба сўи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори хосса гардад.

Баъд аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф ёфтанд ва зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ба миён омад, ки дар ин замина баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо, такмили сохторҳои судӣ ва таъминоти моддию техникии судҳо корҳои назаррас оғоз гардиданд.

Аввалин санадҳои ҳуқуқӣ, ки дар он оид ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ сухан мерафт, ин Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 буд.

Санаи 10 марти соли 1992 бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, баҳри амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ нахуст коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфтанд, ки ин як ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми судии кишвар маҳсуб меёфт.

Минбаъд моҳи ноябри соли 1993 бо қарори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шўрои Олӣ ҳайати Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, дар натиҷа Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки чанд рўз баъд мардуми кишвари мо 31-солагии онро ҷашн мегиранд.

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат ба эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз нигоҳи ҳуқуқӣ асос гузошта, бори аввал амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар сатҳи қонуни асосӣ пешбинӣ намуда, низоми ҳокимияти судиро муқаррар кард.

Дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ  ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста, ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳифзи судии онҳо кафолат дода шуд, ки дар ин ҷода нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ хеле муҳим мебошад, зеро дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба зиммаи ҳокимияти судӣ яке аз вазифаҳои хеле муҳими давлат, яъне ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат гузошта шудааст. Ҳокимияти судӣ ин масъулияти худро дар симои судяҳо ва бо роҳи баргузор намудани мурофиаҳои судии конститутсионӣ, маданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ ба амал мебарорад.

Бояд қайд кард, ки баъд аз қабул шудани Конститутсия давлату Ҳукумат ва алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар роҳи рушду таҳкими ин соҳа як қатор корҳои назаррас амалӣ гардиданд.

Пеш аз ҳама, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 таҳти №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ҳаллу фасли як қатор масоил, аз қабили таъсис додани вазифаҳои приставҳои судӣ ва ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи мувофиқи котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағҳо бобати таъмини моддии судҳо, пардохти мукофотпулӣ ба машваратчиёни халқӣ, таъминоти моддии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани биноҳои судҳо бо воситаҳои нақлиёт ва техникаи ёрирасон пешбинӣ карда шуда буд ва ин тадбирҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо намуданд.

Инчунин, баҳри таҳкими ваҳдату субот ва ризояти миллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи кишвар як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар ҳамин раванд Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми нави давлатии дастҷамъӣ таъсис ёфт, ки вазифаҳои он аз пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили низоми судию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо, таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, интихоб ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судя, такмили ихтисоси судяҳо, коромўз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо иборат буд. Таъсиси ин сохтори нав як қадами устувор дар ҷодаи таъмин намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ маҳсуб меёфт.

ЃҒайр аз ин, бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ маротибаи дуюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳои нав ворид шуд, ки бо он муҳлати ваколати судяҳо аз 5 то 10 сол муқаррар гардид.

Минбаъд рушду таҳкими мақомоти судӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, яъне барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, то ин давра чор барнома қабул ва амалӣ карда шуданд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ дар асоси меъёру принсипҳои байналмилалӣ нақши муҳим бозиданд.

Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» тасдиқ гардид, ки ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда роҳи васеъ кушод.

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ (маданӣ), иқтисодӣ, ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» таҳия ва қабул гардиданд.

Дар ин замина, иҷозати ба ҳабси пешакӣ гирифтани шахсони гумонбаршуда ва айбдоршаванда, тавассути дастгоҳҳои алоқа гӯш кардан ва сабти гуфтугӯҳои чунин шахсон, ҳабси муросилот ва хабарҳои телеграфӣ ба салоҳияти судҳо вогузор гардида, дар Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуданд.

Ислоҳоти соҳа идома дода шуда, бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардиданд.

Бо татбиқи ин барномаҳо низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои меҳнат ва мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо меъёрҳои мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул карда шуда, меъёрҳои кодексҳои мурофиавии маданӣ ва ҷиноятӣ такмил дода шуданд.

Инчунин, бо мақсади дастгирии шахсоне, ки роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии пулакиро надоранд ва муҳтоҷи чунин кўмак мебошанд,  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015 Консепсияи расонидани  ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ доштани шаҳрвандони ниёзманд давра ба давра таъмин гардид.

Ҳамзамон, 22 майи соли 2016 дар ҷумҳурӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт, ки дар заминаи он Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода, мақомоти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуда, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъмини ташкили фаъолияти судҳо, таъминоти моддию техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромўз-судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо ва пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя вобаста ба судҳои умумӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва оид ба судҳои иқтисодӣ ба зиммаи Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардид.

Ислоҳоти минбаъдаи судӣ-ҳуқуқӣ аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 маншаъ гирифт, зеро Сардори давлат зимни ироаи ин паём қайд намуданд, ки «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд».

Бо ин мақсад, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 таҳия ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ гардид, ки чорумин барномаи соҳавӣ дар кишвар аст.

Дар натиҷаи амалисозии Барномаи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуда, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид, ки ин яке аз заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ барои зина ба зина расидан ба низоми коргузории элекронии судӣ мебошад.

Илова бар ин, татбиқи ин Барнома ба он мусоидат намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2022, №369 сохтори дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ карда, дар Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ мансаби ёрдамчии судя ҷорӣ карда шавад.

Мисолҳои дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳокимияти судӣ таҳти ѓғамхорию дастгирии махсуси давлат, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушду таҳким ёфта, дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа дар қатори дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нақш ва мавқеи сазоворро соҳиб гаштааст.

Бо назардошти он, ки ҷомеа ҳамеша дар роҳи рушду пешрафт ва дигаргунї қарор дорад, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судї низ муҳим мебошад ва ин пеш аз ҳама аз масъулиятшиносию ташаббускорӣ ва садоқатмандии ҳар як корманди мақомоти судӣ вобастагии калон дорад.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ мо судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо масъулияти ба зимма доштаамонро дақиқан дарк карда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин замони аз ҳар ҷиҳат мураккабу ҳассос баҳри таъмини қонунияту  адолат ва ҳифзи истиқлолияту суботи кишвар саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Рўзи кормандони мақомоти судӣ муборак ҳамкасбони азиз.

Раҳимзода Хушвахт Шариф-судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ