ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914; с. 2024, №1-2, мод. 19; с. 2025, №1, мод. 14) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар;».
2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар
1. Ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонанд, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷудбуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти иттилоотие дохил мешаванд, ки паҳн кардани онҳо дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2196
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 7 майи соли 2025, №102
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №69
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468, с. 2024, №1-2, мод. 20, мод. 21, №3-4, мод. 156, №5-6, мод. 263, мод. 264) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бозомӯзӣ — таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав амалӣ карда мешавад;».
2. Дар моддаи 23:
ба қисми 2 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- диплом дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;
— шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;»;
— қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилот (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ)-ро пурра ба охир нарасондаанд, аз ҷониби муассисаи таълимӣ маълумотнома дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2197
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 
