КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ БУНЁДИ ДАВЛАТ, АСОСИ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУГУЗОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНУ ШАҲРВАНД
Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва бо ин марҳилаи нави давлатдории миллӣ оғоз гардид. Новобаста аз он, ки акнун шаклу низоми давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ куллан тағйир ёфта буданд, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар фазои қонунгузории Тоҷикистон санадҳои замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки хоси ҳамон давра буда, иқдори танзими муносибатҳои ҳуқуқии навро надоштанд, мал мекарданд.
Марҳилаи нави давлатдорӣ тақозои онро мекард, ки низоми ҳуқуқии миллӣ ташаккул дода шавад. Дар ин раванд, масъалаи таҳия ва қабул кардани Конститутсия дар мадди аввал меистод, зеро маҳз ҳамин санад расман муайян карда метавонист, ки Тоҷикистон дар кадом шаклу низоми давлатдорӣ ташкил меёбад ва минбаъд рушд мекунад. Албатта, ин масъала дар мадди назар буд ва кўшишҳо низ анҷом дода шуданд, аммо нооромии вазъи сиёсии ҷумҳурӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи қабули Конститутсияро ба таъхир гузошт. Баъдан ин масъала дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда, дар Иҷлосияи 17-уми Шўрои Олӣ ҳайати комиссия оид ба таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид ва дар натиҷаи фаъолияти босамари ин комиссия ва баъди муҳокимаҳои тўлонӣ ниҳоят Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо ҷонибдории 94,4 фоиз шаҳрвандони дар раъйпурсӣ ширкатварзида қабул карда шуд.
Ин санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллиро муқаррар намуда, расман кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, роҳи рушду таҳкими минбаъдаи Тоҷикистонро равшан сохта, барои ташаккули низоми қонунгузории миллӣ заминаи аз ҳама устувор гузошт, зеро Конститутсия асоси ҳама қонунҳоро ташкил медиҳад.
Конститутсия воқеан санади тақдирсоз ва дастоварди миллӣ аст, зеро он бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардида, мақсаду мароми халқро таҷассум карда, бо меъёрҳои худ, ки эътибори олии ҳуқуқӣ доранд, шаклу сохти давлатдории навин, забони давлатӣ будани забони тоҷикӣ, муқаддасоти миллӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, гуногуншаклии моликият, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатиро муқаррар менамояд. Аз тарафи дигар, ин санад дар шароити низои байни тоҷикон қабул гардида, яке аз вазифаи аввалиндараҷаи онро таъмини оштии миллӣ ва барқарории сулҳ ташкил медод, ки ин вазифаи таърихӣ ба хубӣ иҷро шуд, зеро аз ҳама муҳим қабули Конститутсия ба андешаи гурўҳҳои тундрав бобати дар Тоҷикистон ташкил кардани давлати исломӣ нуқта гузошт.
Бо вуҷуди дар чунин як давраи мушкилу мураккаб таҳия ва қабул шудан, Конститутсияи кишвари мо яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё пазируфта шуд, зеро мувофиқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзишҳои меҳварии Конститутсияи дониста шуда, ҳама он ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ки барои ҳар як фард муҳим буда, моҳияти инсонии ҳар як шахсро инъикос менамоянд, муқаррар гардидаанд.
Дар сатҳи Қонуни асосӣ арзиши олӣ донистани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки ҳеҷ як манфиату неъмат ё арзиши дигар аз инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў мақоми болотар соҳиб буда наметавонанд, зеро ҳама чиз дар давлату ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудаанд. Яъне тибқи Конститутсия барои Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў аз ҳама мақому мартабаи баланд доранд ва давлат ҳамеша кўшиш менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд таъмин бошад. Бояд қайд кард, ки ин яке аз хусусиятҳои хоси фарқкунандаи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ аз конститутсияҳои қаблӣ аст.
Агар аз лиҳози сохти Конститутсия ҳам баҳо диҳем, аз даҳ боби Конститутсия як боби он, яъне боби дуюм ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд бахшида шудааст, ки он аз 100 моддаи Қонуни асосӣ 34 моддаашро дар бар мегирад. Яъне аз се як ҳиссаи моддаҳои Конститутсия бевосита ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Илова бар ин, дар моддаи 14 Конститутсия оварда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Дар Конститутсия дарҷ шудани чунин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки Қонуни асосии давлати мо мазмунан хусусияти инсондўстона дорад ва маҳз ба ҳамин хотир он яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шуда, меъёрҳои он муддати 31 сол аст, ки дар фазои ҳуқуқии кишвари мо самаранок амал карда истодааст ва қонунияти конститутсионӣ дар ҷомеа таъмин мебошад.
Ҷашни пуршукӯҳи 31-солагии қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар як фарди Ватан шодбош гуфта, орзу менамоем, ки меъёрҳои ин санади тақдирсоз дар фазои кишвари мо садсолаҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ ва таҳкимбахши пояҳои давлатдории миллӣ устувор бошад.
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ-судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 

