ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-РӮЙДОДИ МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗИ ТАЪРИХӢ
Имрӯзҳо халқи шарафманди Тоҷикистон дар остонаи таҷлили яке аз рӯйдодҳои бузургу тақдирсоз, ки ҳастию якпорчагии давлати навини мо маҳз аз он маншаъ мегирад, яъне сиюсеюмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. ӯ
Мавриди зикр аст, ки оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдории миллӣ, таҷзияи ҳокимият, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард сабт гардида буданд.
Истиқлолият дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эъмори рукнҳои давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Вале мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие пайдо шуданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва бо ин амалӣ хоинонаашон рушди ҷомеаи моро ба даҳсолаҳо ақиб партофтанд.
Дар натиҷаи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, ҷомеаро буҳрони сиёсӣ фаро гирифта буд.
Дар чунин вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳои сахту душвор масъулияти таъмини суботро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост.
Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани алангаи ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд.
Аз интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 то даъвати Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи хавфноктарин ва мудҳиштарин ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра хатари пароканда шудани миллати тоҷик, аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва барҳам задани ҳудуди ягонаи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳад зиёд гардида буд.
Ба бахту саодати халқи Тоҷикистон ин Иҷлосияи таърихию сарнавиштсоз баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Дар он рӯзҳо, ки ҳокимияти давлатӣ хеле фалаҷ гашта, рӯз то рӯз алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ зиёд мегардид, Шӯрои Олӣ ягона сохторе буд, ки дар байни мардум то андозае нуфузашро нигоҳ дошта, метавонист барои ҷустуҷӯи роҳҳои барқарор кардани сулҳу салоҳ кӯшиш намояд.
Албатта, даъват ва баргузор намудани иҷлосия дар он рӯзҳо кори саҳлу осон набуд. Зеро қувваҳои бадхоҳ бо ҳар роҳ мехостанд садди роҳи баргузории он гарданд ва ҳар гуна монеаҳо эҷод мекарданд.
Ғайр аз ин, он вақт вазъи сиёсии пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе то дараҷае мураккаб буд, ки дар ин ҷо доир намудани Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ғайриимкон буд, зеро дар он шабу рӯз касе амнияти вакилонро кафолат дода наметавонист.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар-шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардида, дар ин хусус 9 ноябри соли 1992 қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Дар ин замина, ниҳоят Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб 16 ноябри соли 1992 бо иштироки вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, шахсони номдор, пирони рӯзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма ба кори худ шурӯъ намуда, то 2 декабри ҳамон сол идома ёфт.
Рӯзномаи кори иҷлосия бо назардошти масъалаҳои муҳимтарини рӯз таҳия шуда, дар навбати аввал ба қатъи хунрезӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар нигаронида шуда буд.
Вакилони иштирокдошта хуб дарк менамуданд, ки баргузории ин иҷлосия дар тақдири минбаъдаи тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад ва онҳо бо як мақсад, яъне аз хатари парокандагиву азбайнравӣ раҳо сохтани миллат ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон гирд омадаанд.
Дар он рӯзҳое, ки Ҳукумати миллиро касе эътироф намекард, Президенти бо роҳи қонунӣ интихобшудаи кишварро ба истеъфо маҷбур карда буданд ва давлатро рақибони сиёсии ӯ идора мекарданд, қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳарос наметавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори иҷлосия равшан изҳор намоянд. Бо вуҷуди ин, аксарияти вакилони мардумӣ, яъне аз 230 нафар 193 нафар иштирок доштанд.
Вакилон ва ҳамаи онҳое, ки дар кори иҷлосияи шонздаҳум фаъолона ширкат варзида буданд, хуб дарк мекарданд, ки зимни фаъолияти мақомоти мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ ҳалли масъалаи муҳимтарини он рӯзҳо — таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст.
Ғайр аз ин, тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷонибдори барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат буданд, оғози кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва қарорҳои онро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва умед доштанд, ки пас аз баргузории он дар кишвар сулҳу субот пойдор мегардад.
Дар ин иҷлосия, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардиданд, ки нақши онҳо дар ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар хеле бузург аст.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд, ки воқеан бамаврид мебошад: «Барои халқ, Ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард».
Аз ҷумла, дар иҷлосияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра қабул карда шуданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Яке аз масъалаҳои ба баррасии иҷлосия пешниҳодшуда, даст кашидан аз идоракунии президентӣ маҳсуб меёфт. Зеро ноороми вазъи сиёсии ҷомеа ва дар чунин шароит қодир набудани як шахс ба идоракунии давлат, инчунин гирифтани пеши роҳи ҳокимиятталабӣ тақозо мекард, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳокимияти президентӣ даст кашида, идоракунии давлат ба таври дастаҷамъона ва дар асоси манфиатҳои умумимиллӣ ба амал бароварда шавад. Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1978 баррасӣ ва қабул гардид.
Дар асоси Қонуни мазкур ваколатҳои мансуб ба Президент минбаъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба зиммаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда шуд. Моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав таҳия гардид, ки мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пешниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро ташкил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ вогузор гардид.
Инчунин, тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи тамоми Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дониста шуд. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ пазируфта шуд, ки он давлатро ба таври пурра идора мекард.
Бояд қайд кард, ки яке аз санадҳои Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки ба қатъи ҳокимиятталошӣ ва хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард, маҳз ҳамин санад буд.
Хизмати таърихии дигари Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар он аст, ки он ба таъсиси Ҳукумати нав асос гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия шахсияти барҷастаи таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раъйи вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро дарк намуда, бо ақлу заковат, хирадмандӣ ва фаъолияти шабонарӯзии хеш дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошт ва ба халқи шарифи Тоҷикистон муждаи овардани сулҳ ва умед ба ояндаи осоиштаро дод.
Ҳамин заҳматҳои содиқона ва натиҷаи он муҳаббати халқ буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, минбаъд низ дар заминаи роҳбарии оқилонаи ӯ миллат аз парокандагӣ, давлат аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори баланд гардид.
Ҳамин тариқ, бо боварӣ метавон иброз кард, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳилаи сифатан навро оғоз бахшида, барои минбаъд ҳамчун давлат боқӣ мондани Тоҷикистони тозаистиқлол нақши устувор гузошт.
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ — судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 

