ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-РАМЗИ МУҚАДДАСИ ДАВЛАТ ВА ВАСИЛАИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон Тоҷикистон яке аз рӯзҳои таърихӣ ва ҷашни умумимиллӣ, яъне Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат ва ифтихор аз соҳибдавлатию ватандорӣ таҷлил гардида истодааст.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки тамоми ҷашнҳои таърихии миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шаванд.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад.
Сарчашмаҳои таърихӣ собит намудааст, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърихи бисёр қадима дошта, аҷдодони мо дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд. Ҳанўз аз замони Каёниён гузаштагони мо соҳиби «Дирафши Ковиён» буданд, ки ҳоло он дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати навини миллиамон инъикос ёфтааст.
Дирафши Ковиён ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда, мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Яъне парчам дар тўли асрҳо дар қатори дигар аркони давлатдорӣ баёнгари воқеии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик буда, гузаштагони мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш муттаҳид шуда, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми давлати худро ҳимоя кардаанд.
Дар замони давлатдории Шӯравӣ низ Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ, аз ҷумла Парчам буд, ки асосҳои таърихӣ, моҳияти давлатдории гузаштаи тоҷикон ва муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол таҷассум мекард ва он то соли 1992 арзи ҳастӣ дошт.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992, яъне 33 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, тасдиқ карда шуд. Яъне ин иҷлосия ба идома додани анъанаи парчамдории миллати тоҷик асос гузошт.
Дар иҷлосияи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз тасдиқ гардидани Парчами миллӣ онро буса карда, изҳор доштанд, ки ман ба мардум сулҳ меорам, оташи ҷангро хомӯш мекунам, шаҳрвандони гурезаро ба Ватан бармегардонам. Ҳамзамон иброз намуданд, ки мо Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бунёд менамоем.
Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.
Ҳамчунин бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки мувофиқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.
Рангу аломатҳои Парчами миллӣ ифодагари роҳи тайнудаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, устувории давлату миллат ва мақсаду мароми неки онҳо ба оянда мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ борҳо ранг ва аломатҳои онро чунин шарҳ додаанд: ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият буда, тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ба миллати тоҷдор будани тоҷикон ва решаҳои таърихӣ доштани давлатдории онҳо ишора мекунад.
Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами миллӣ шуда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо ифодакунандаи истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, Парчами миллии Тоҷикистон дар қатори парчами давлатҳои дигар дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки кишвари мо узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад.
Ғайр аз ин, ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафарҳои корӣ кунанд ва мулоқотҳо анҷом диҳанд ё агар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами кишварамон низ афрохта мешавад.
Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳифзу эҳёи иду ҷашнҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои мардумӣ нақши устувор дошта, баҳри гиромидошти онҳо пайваста ташаббусҳои беназир менамоянд.
Рўзи Парчами давлатӣ низ дар ҷумњурӣ бори аввал ҳамчун ҷашн маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2009 истикбол гирифта шуд. Имсол ҳабдаҳумин сол аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз соҳибдавлатию мустақилӣ таҷлил менамоянд.
Воқеан, Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ рӯзи таърихӣ ва ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст.
Тибқи ин санадҳо Парчам дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар њавлии қароргоњи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва дигар мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотхои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, утоқҳои кории шахсони расмии давлатӣ ва дигар ҷойҳои муайяншуда ба таври доимӣ барафрохта мешавад, ки нишон аз мустақилию соҳибдавлатӣ ва соҳибҳокимиятии Тоҷикистон мебошад.
Дар болои бинои судҳо ва толору ҳуҷраҳои кории судяҳо гузошта шудани Парчами давлатӣ низ маънои онро дорад, ки суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро амалӣ мекунад ва санадҳои судиро аз номи давлат қабул менамояд.
Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд, ки ин шаҳодати муқаддас ва аризшманд будани он мебошад. Аз ҷумла, тибқи талаботи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавї дар љамъомади судяњо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тољикистон чунин савганд ёд мекунад.
Боиси қайд аст, ки солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири гиромидошти рамзҳои давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Махсусан соли 2010 бо ташаббуси Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шањри Душанбе бунёди манораи бузурги парчам оғоз ёфта, соли 2011 дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он Парчами давлатӣ бар пояи 165 метр парафшон карда шуда, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ гардидаст.
Ин макон, ки хеле зебо бунёд карда шудааст, эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ шаҳрвандонро боз ҳам зиёд гардонида, онҳоро ба муттаҳидию сарҷамъӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватан-Модар ҳидоят менамояд.
Ғайр аз ин, дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қариб дар марказҳои ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рамзҳои давлатӣ ба таври муносиб қомат афрохтаанд, ки ин ҷойҳо ба макони истироҳату фароғат ва сарҷамъиву муттаҳидии шаҳрвандон табдил ёфтааст.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон, рамзи мустаќилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтироми ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки бархӯрди манфиатҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шиддат гирифта, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам овардааст, ки ба фазои орому осоиштаи давлатҳо таҳдид менамоянд.
Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки ба масъалаи суботу амнияти миллӣ ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, рамзҳои давлатӣ, истиқлолият ва ягонагии ватанамонро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ҳимоя намоем.
Боварии комил дорам, ки халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зери Парчами хеш саф кашида, дар роҳи боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор мегузоранд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак.
РАҲИМЗОДА ХУШВАХТ ШАРИФ-судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 
