ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с.2024, №5-6, мод.251), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 6 моддаи 49 пас аз рақами «253,» рақам ва калимаҳои «2531 (ба истиснои қисми 3),» илова карда шаванд.
2. Моддаи 2531 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2531. Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ
1. Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар:
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, –
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) ба миқдори махсусан калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, –
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, № 2163